Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ. Миралиён Қиёмиддин. Читать онлайн. Newlib. NEWLIB.NET

Автор: Миралиён Қиёмиддин
Издательство: Издательские решения
Серия:
Жанр произведения: Прочая образовательная литература
Год издания: 0
isbn: 9785449637376
Скачать книгу
хираду хирадмандӣ, талқини одоби ҳамида, ватандӯстӣ, дӯстӣ, шуҷоат, далерӣ, накӯкорӣ ва ғайра мебошад ва то имрӯз мавриди истифодаи васеъ қарор дорад. Мояи ифтихор аст, ки назарияҳои ахлоқӣ ва хирадномавии асари мазкур то ба мамлакатҳои Ғарб (Аврупо ва ИМА) расидааст. Зимни ин рисолат олими Фаронса Сент Бёв чунин иброз менамояд: «Дар саросари шоҳасари Фирдавсӣ руҳияи ҳикмат, волоияти адолат ва некӣ чун риштаи сурх мегузарад».

      Мутафаккири тоҷик Аҳмади Дониш шарти аввалини идоракунии давлатиро дар ақл ва адл тасвир мекунад. Ба назари ӯ – Адл аз камоли ақл хезад. Ҳар ки оқил нест, одил нест – сарвар / шоҳ бояд тамоми корҳои идориро аз рӯи ақл, хирад пеш барад. Аҳмади Дониш низоми вазоратдориро баррасӣ менамояд. Ба ақидаи ӯ «Дар ин навъи ташкилот бояд намояндагони тамоми табақаҳои ҷамъият иштирок кунанд ва тамоми корҳои мамлакат бояд дар ҳамин ташкилоти машваратӣ ҳал шавад ва баъди тасдиқи умум ба кор дарояд». Ҳамчунин, мутафаккир тавсия медиҳад, ки ба одамони куҳансол ва шахсоне, ки қобилияти кориашонро гум накардаанд, бояд аз тарафи давлат кӯмаки моддӣ расонида шавад. Аҳмади Дониш масъалаи бо зиндагӣ, бо ҳаёт ва эҳтиёҷоти ҷамъият вобаста намудани илму фанро ба миён гузоштааст. Ба назари ӯ бояд дар мадрасаҳои Бухоро таҳсили илмҳои техникию табиӣ ва физикаю кимиёвӣ, ки дар мамлакатҳои пешрафат омӯхта мешуданд, ҷорӣ гардад.

      Дар умум назариёти мутафаккирони тоҷику форсро метавон дар шароити имрӯзи идоракунӣ низ истифода намуд, зеро онҳо куллан фарогири тарзу услубҳои идоракунии хоси имкон ва хоҳиши ҷомеа, таъминкунандаи адолат, баробарҳуқуқӣ, ватандӯстӣ, дӯстӣ, шуҷоат, далерӣ, накӯкорӣ, иносндӯстӣ, эҳтиром, таҳамулгароӣ, талабгори қабули қарорҳои илман асоснок, таҳлил ва ҳаматрафа баррасигардида ва ғайра мебошанд. Илова бар ин назариёти идоракунии мутафаккирон ва муҳаққиқони гузаштаи мо тақозо бар он дорад, ки онҳо аз ҷониби идоракунандагон, ҷомеашиносон, сиёсатшиносон, иқтисодшиносон, ҳуқуқшиносон ва дигарон мавриди омӯзиши васеъ қарор дода шуда, нуктаҳои беҳтарин ва тавсияҳои муносиб ба идоракунии тарзи муосир дар шакли корҳои илмию таҳқиқотӣ манзури ҷомеа ва институтҳои давлатии идоракунӣ ва таълимӣ пешниҳод карда шаванд.

      САВОЛҲО БАРОИ САНҶИШИ САТҲИ ДОНИШ

      – Тамаддуни бо ном «иқтисоди истеҳсолӣ» – қадим дар Шарқи Наздик кай ташаккул ёфт?

      – Аҳроми Миср, ки бо санъати хуби идоракунӣ бунёд гардидааст, ба кадом асрҳо рост меояд?

      – Рисолаҳои аввалини фарогирандаи тасаввуротҳо оид ба идоракунӣ дар кадом мамлакатҳо тавлид ёфтаанд?

      – Назари Суқрот оид ба идоракунӣ чӣ буд?

      – Кадом мутафаккирони форсу тоҷик оид ба тарзу усулҳои идоракунӣ рисолаҳо таълиф кардаанд?

      – Тафовути назариёти мутафаккирони форсу тоҷик дар қиёс ба шароити имрӯзаи идоракунӣ дар чӣ дида мешавад?

      АДАБИЁТҲО ВА ДИГАР МАНБАҲОИ МАЪЛУМОТ

      – Заходера Б. Н. Сиасет-наме [Матни аслӣ]: / Книга о правлении вазира XI столетия Низам Аль-Мулька.