Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ. Миралиён Қиёмиддин. Читать онлайн. Newlib. NEWLIB.NET

Автор: Миралиён Қиёмиддин
Издательство: Издательские решения
Серия:
Жанр произведения: Прочая образовательная литература
Год издания: 0
isbn: 9785449637376
Скачать книгу
имкониятҳои моддӣ ва мавҷудияти заминаҳои ва шартҳои иқтисодӣ барои ҳалли мушкилоти пайдошаванда ба инобат гирифта мешаванд.

      Талаботи руҳии фарҳангӣ ва ё маънавиро мебояд тамоми намудҳои ташкилотҳо ба инобат гиранд, чунки маҳз таваҷҷуҳ накардан ба хусусиятҳои маънавию фарҳангии шахс, аз ҷумла ҳангоми ислоҳоти идоракунӣ он метавонад ба оқибатҳои нохуб ва танназулёбии соҳаи идоракунӣ оварда расонад. Аз ҷумла, ҳангоми ислоҳот ва ё азнавташаккулдиҳии низоми соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, санъат, дин ва адабиёт зарур аст, ки талабот ва воқеияти ҳаёти маънавии фарҳангии шаҳрвандон ба асос гирифта шавад. Мисол: дар Тоҷикистон қисми зиёди аҳолӣ дини мубини Исломро пайравӣ мекунанд ва рукнҳои тарбиявии маънавии он дар вуҷуди ҳар як шахс ҷой гирифтааст. Аммо ин афзалият ва ё рисолати аслии дини Ислом – панду ҳикмат, тарбия ва ба роҳи рост ҳидоят кардани инсон то ҳадди зарурӣ дар низоми ташкилии идоракунӣ ҷой нагирифтааст. Дар ин ҷо боиси зикр низ мебошад, ки яке аз сабабҳои афзоиш ёфтани рафтору кирдорҳои номатлуб дар байни ҷавонон, аз ҷумла шомил шудани онҳо ба ҳаракатҳои экстремистӣ, ин ба таври зарурӣ истифода ва ё талқин нагардидани рисолати асосии дини Ислом дар байни онҳо арзёбӣ мегардад.

      Бешубҳа, идоракунии ҳаёти маънавӣ ва ё руҳии фарҳангӣ ба яке аз самтҳои муҳими мувозинатдорандаи рушди ояндаи давлат табдил ёфта истодааст, зеро он ва ҷамъият дар баробари заминаҳои хуби моддии ташкилӣ асосҳои устувори ҷаҳонбинӣ ва ягонаи ғоявиро тақозо менамояд.

      САВОЛҲО БАРОИ САНҶИШИ САТҲИ ДОНИШ

      – Самтҳои идоракунии иҷтимоиро номбар кунед?

      – Дар шароити муносибатҳои бозоргонӣ фаъолияти кадом шаклҳои нави хоҷагиҳои истеҳсолӣ ба роҳ монда шудаанд?

      – Хусусиятҳои самаранокии бюрократияро тибқи назарияи М. Вебер номбар кунед?

      – Низоми идоракунии шакли авторитарӣ кадом хоситяҳоро дар бар мегирад?

      – Хосиятҳои низоми идоракунии демократиро номбар кунед?

      – Идоракунии ҷараёнҳои маънавӣ (руҳӣ-фарҳангӣ) кадом шароитҳоро фароҳам меорад?

      АДАБИЁТ ВА ДИГАР МАНБАҲОИ МАЪЛУМОТ

      – Тощенко Ж. Т. Социология управления. Учебник. [Матни аслӣ] – М.: Центр социального прогнозирования и маркетинга, 2011. – 300 с.

      – Яковлева Т. Н. Социология управления [Матни аслӣ]: учебно-методическое пособие для бакалавров – Астрахань: Астраханский государственный университет, Издательский дом «Астраханский университет», 2013. – 216 с.

      – Бестужев-Лада И. В. Энциклопедический социологический словарь. – М., 1995. – 865 с.

      – Бюрократия [Маводи электронӣ]. – Тарзи дастрасӣ: http://files.school-collection.edu.ru/dlrstore/ae0daf13-6994-8c34-4650-df58c4a0231e/1012512A.htm

      – Виды социальных норм [Маводи электронӣ]. – Тарзи дастрасӣ: http://legalmap.ru/articles/kp/norma/vidy-sotsialnykh-norm/

      – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон [Матни аслӣ]. – Душанбе: 1994

      – Раззоқов Б. Ҳ. Идораи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемаҳои ҳуқуқии