Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ. Миралиён Қиёмиддин. Читать онлайн. Newlib. NEWLIB.NET

Автор: Миралиён Қиёмиддин
Издательство: Издательские решения
Серия:
Жанр произведения: Прочая образовательная литература
Год издания: 0
isbn: 9785449637376
Скачать книгу
истифода шудан дар шароитҳои махсус, зинаҳо ва самтҳои гуногун боис мегардад. Бинобар ин, идоракунӣ қобилияти баланди касбии шахсро дар соҳаҳои гуногун: иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, психологӣ, ташкилиӣ-техникӣ, ҳуқуқӣ, экологӣ, демографӣ ва ғайра талаб мекунад.

      – Қонуни ҳамгироии идоракунӣ муттаҳидкунии амалҳои гуногуни махсусгардонидашудаи идоракуниро дар сатҳ ва самтҳои мухталиф ва ҷараёни ягонаи идоракунӣ дар доираи сохти (организми) ягонаи иҷтимоӣ ҳамчун низом (система) ифода мекунад. Ҳамгироии омилҳо чун ҳамгироии мақсад, вазифа ва манфиатҳои ҷомеа, ки дастгирии фаъолияти ҳаёти муқаррарӣ ва инкишофи низоми мураккаби иҷтимоиро дар шароити тағйирёбии доимӣ ва пайвастани муҳитҳои дохилию берунӣ талаб менамояд, шуда метавонад.

      – Қонуни сарфаи вақт яке аз муҳимтарин қонуни идоракунӣ ба шумор меравад, ки тавсифи самаранокии идоракуниро ифода мекунад. Мувофиқан бадастории ин ҳадаф бо назардошти талафоти ками вақт, захираҳои моддӣ, инсонӣ ва молиявӣ, ки асосан аз: суръат ва мутобиқати вокуниши субъекти идоракунӣ ба объект; ҳалли ҳамагуна масъалаи идоракунӣ дар муддати кӯтоҳ; ва сари вақт расонидани таъсири мусбӣ ба натиҷаи ниҳоӣ, вобаста мебошад.

      – Қонуни афзалиятнокии мақсадҳои иҷтимоӣ дар мақсадгузорӣ муайян мешавад. Мақсади рушди ҷомеа ва шароити нигоҳдории мувозинати он на ба истеҳсолот, сиёсат ва на ба иқтисодиёт рабт дода мешавад, балки ба доимо баланд бардоштани сатҳи зиндагии аъзои он (ҷомеа), некуаҳволӣ, аҳволи иҷтимоӣ ва такмили мутассили тарзи ҳаёти ҷамъият вобаста мебошад.

      – Қонуни афзояндаи субъективӣ ва зеҳнӣ (маънавиёт) дар идоракунӣ хосияти таъсири идоракуниро пешгирӣ мекунад. Қонунияти муносибатҳои идоракунӣ ба он асос меёбад, ки моҳияти муносибатҳои одамон дар ҷараёни идоракунӣ аз ҷониби худи онҳо гузошта мешавад, ҳамаи онҳо (муносибатҳо) дар ин ё он шакл ба воситаи шуури одамон амалӣ мегарданд, одам онҳоро месозад ва такмил медиҳад, албатта бо назардошти тағйиротҳои объективӣ дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ. Барои ҳамин табиати муносибатҳои идоракунӣ дуҷониба мебошад: объективӣ ва субъективӣ.

      САВОЛҲО БАРОИ САНҶИШИ САТҲИ ДОНИШ

      – Қонуни иҷтимоӣ чист?

      – Қонунияти сотсиологияи идоракунӣ ба кадом қонунҳо ифода меёбад?

      – Гуруҳҳои қонунҳои асосии сотсиологияи идоракуниро номбар кунед?

      – Истифодаи бошууронаи қонунҳо ба чӣ имкон медиҳад?

      – Қонуни сарфаи вақт чиро тавсиф мекунад?

      АДАБИЁТҲО ВА ДИГАР МАНБАҲОИ МАЪЛУМОТ

      – Бюрократия [Маводи электронӣ]. – Тарзи дастрасӣ: http://files.school-collection.edu.ru/dlrstore/ae0daf13-6994-8c34-4650-df58c4a0231e/1012512A.htm

      – Виды социальных норм [Маводи электронӣ]. – Тарзи дастрасӣ: http://legalmap.ru/articles/kp/norma/vidy-sotsialnykh-norm/

      – Гостенина В. И. Социология управления [Матни аслӣ]: Учебное пособие. Стандарт третьего поколения. – СПб.: Питер, 2013. – 368 с.

      – Раззоқов Б. Ҳ. Идораи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемаҳои ҳуқуқии назария ва амалия [Матни аслӣ]. – Душанбе: