Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ. Миралиён Қиёмиддин. Читать онлайн. Newlib. NEWLIB.NET

Автор: Миралиён Қиёмиддин
Издательство: Издательские решения
Серия:
Жанр произведения: Прочая образовательная литература
Год издания: 0
isbn: 9785449637376
Скачать книгу
инчунин банақшагирии дурнамои ташкил ва назорати иҷрои корҳо ташаккул ёфт.

      Заминаҳои назариявӣ принсипҳои (усулҳо ва шартҳои) идоракунӣ дар қонуни «Хаммурапӣ» бо тарзи хуб ифода ёфтааст. Вавилони қадим дар солҳои 1792—1750 то солшумории мо объекти дигари идоракунӣ ба ҳисоб меравад. Давлати пуриқтидор дар ҳамон давра дар Чини қадим амал мекард, ки дар давраи Чжоу (асрҳои XI – III п.а.м) девори бузурги Чин – ёдгории муҳташами санъати меъморӣ (дарозии он баъди анҷом расонидан тақрибан 5 ҳазор км., ва баландиаш дар қитъаҳои алоҳида ба 10 м. мерасид) бунёд гардид.

      Рисолаи аввалин бо фарогирии баъзе маълумотҳои ибтидоӣ ва тасаввуротҳо оид ба идоракунӣ дар Чини қадим, Ҳинди қадим ва Шарқи Наздик дар асрҳои V – IV-и пеш аз миллод рӯи кор омадааст.

      Бо вуҷуди ин оид ба ташаккули тафаккури идоракунӣ эҷодиёти бузургтарин файласуфони юнони қадим Суқрот, Афлотун, Арасту таъсири назаррас гузошт. Аз рӯи гувоҳии ҳамзамонон, Суқрот чунин мешуморид, ки асоси идоракунӣ ин дониш ва маҳорати ба зурӣ бор кардани ақидаи худ ба дигар одамон мебошад. Афкори ӯ дар рушди оянда ва ба даст овардани рисолаҳои Афлотун ва Арасту боис гардид, ки муфассалтар 3 шакли ҳукумронӣ: монархӣ, аристократӣ ва демократӣ тасвир шудааст. Масъалаи идоракунӣ дар корҳои мутафаккирони асри миёнагӣ Августини Масъуд ва Фомаи Аквинӣ, ки «Борони илоҳӣ» ва «Борони заминӣ» тақсим шудааст, тобиши бешак аввал буданро эътироф мекунанд, ки оиди идеяҳои идоракунии олам ва одамон хулосагирӣ намудаанд.

      5.2 Назариёти мутафаккирони форсу тоҷик зимни муносибатҳои идоракунӣ

      Дар ташаккули назарияҳои фалсафию иҷтимоии идоракунӣ саҳми мутафаккирони форсу тоҷик – Абӯбакри Розӣ (865—925), Абӯнасри Форобӣ (873—950), Абӯалӣ ибни Сино (980—1037), Муҳаммад Ғазолӣ (1058—1111), Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (1314—1394), Ҳусайн Воизи Кошифӣ (1420—1505), Аҳмади Дониш (1827—1897) ва ғайра хеле бузург аст.

      Абӯбакри Розӣ дар асараш «Нақзи адён» иброз намудааст, ки: «Худованд ҳамаи бандагони худро мусовӣ халқ карда ва ҳеҷ касро бар дигаре бартарӣ надодааст. Ва агар бигӯем, ки барои раҳматнамоии онон ҳоҷат ба интихоботи касе дошт, ҳикмати болиғаи вай мебоист чунин иқтидо кунад, ки ононро ба монофеу мазореи онию отиашон огоҳ созад ва касеро аз миёни эшон бар дигарон бартарӣ надиҳад ва мояи ихтилофу низои онон нагардад. Ва интихоби имому пешво боиси он нашавад, ки ҳар фирқа аз пешвои худ пайравӣ ва дигаронро тақзиб кунад ва ба назари буғз бад-онон бингарад ва ҷамоате бар сари ин ихтилоф аз миён бибарад». Мутафаккир таъмини адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқиро дар муносибатҳои идоракунӣ таълиф медиҳад, ки барои имрӯзи идоракунӣ низ нишондиҳандаи муҳим боқӣ мондааст.

      Дар назариёти олимони асри миёнагӣ, аз ҷумла Абунасри Форобӣ масъалаҳои хусусияти иҷтимоӣ ва сиёсидошта, аз қабли пайдоиш ва вазифаҳои давлат, шакли идоракунӣ ва мақому манзалати сарвар / шоҳ дар идоракунии давлат ба таври возеҳ баррасӣ гардидаанд. Тибқи назари Форобӣ мақоми сарвариро танҳо шахси оқилу хирадманд ва адолатпарвар, ки манфиати раият ва мамлакатро аз худ болотар мегузорад, бояд соҳиб бошад.

      Абуҳомид Муҳаммад