Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ. Миралиён Қиёмиддин. Читать онлайн. Newlib. NEWLIB.NET

Автор: Миралиён Қиёмиддин
Издательство: Издательские решения
Серия:
Жанр произведения: Прочая образовательная литература
Год издания: 0
isbn: 9785449637376
Скачать книгу
баҳогузорӣ карда тавонистани ҷузъҳо ва робитаҳои нисбатан муҳими муносибатҳои идоракунӣ, хусусиятҳои зоҳиргардӣ ва самарабахшии онҳо дар самти рушди равндҳои ошкоршуда вобастагӣ дорад.

      Механизми идоракуниро ба се самт: 1) иқтисодӣ, 2) ташкилӣ ва 3) иҷтимоӣ-фарҳангӣ ҷудо кардан мумкин аст, ки робитаи мутақобилаи онҳо бар асоси талаботи низоми қонунҳои рушди иҷтимоӣ ва идоракунӣ ташаккул меёбад (Ҷадвали 3).

      Ҷадвали 3

      Дар умум механизми идоракуниро сиёсати идоракунӣ низ гуфтан мумкин аст, зеро он асосан ҷараён, падида ва муносибатҳои сиёсӣ-маъмуриро зимни пешбурди фаъолияти ташкилию амалӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ташкилот дар маҷмуъ амалӣ мегардонад.

      Субъект ва объекти идоракунӣ

      Идоракунӣ дар ҷараёни таъсиррасонии мустақими як шахс ба шахси дигар ташкил меёбад; ки он ба муносибатҳои субъективӣ – муайянкунандаи самтҳо, мақсадҳо, вазифаҳо ва натиҷаҳои фаъолият; ва обективӣ – амалисозанда ва ё иҷрокунандаи ҷузъҳои муайяншуда ҷудо мешавад.

      Бояд иброз намуд, ки агар идоракунӣ зимни таъсири як шахс ба шахси дигар ташкил ёбад, пас идоракунии иҷтимоӣ бо таъсиррасонии мутақобилаи ҳар ду ҷониб, ҳам субъект ва ҳам объект ба вуҷуд меояд. Тафсири дигар он аст, ки зимни идоракунӣ вазифаҳои субъект ва объект мушаххас мебошанд, аммо дар идоракунии иҷтимоӣ объект дар ҳолатҳои муайян метавонад ҳамчун субъект баромад намояд (шинохта шавад).

      Ҳамин тариқ, субъекти идоракунӣ ин низоми маъмурии корхона – роҳбар (ият) и корхона, ки ҳуқуқ ва ваколати ҳукмфармоӣ, фармоиширо соҳиб аст ва дастгоҳи идоракунии он, ки ба ташкил ва амалисозии таъсирҳои идоракунӣ машғул мебошад, дониста мешаванд.

      Объект бошад, кормандони алоҳида, гуруҳҳои кормандон ва дастгоҳи истеҳсолиро, ки ба онҳо таъсирҳои (фармоишҳои) идоракунӣ равона (муқаррар) гардидаанд, фаро мегирад.

      Бо як ифода дар муносибати идоракунӣ субъект ин фаромишдиҳанда, идоракунанда ва объект иҷрокунанда, идорашаванда мебошад.

      Байни субъект ва объекти идоракунӣ ва ё кордиҳанда ва корманд робитаҳои мустақим ва бозгашти хусусияти иттилоотидошта ҷой доранд. Ин робитаҳо тибқи назарияи Ф. Тейлор ба принсипҳои зерин асос меёбанд:

      – Тақсимоти банақшагирӣ ва иҷрои кор – тақсимбандии меҳнат, ҳуқуқ ва уҳдадориҳо байни роҳбар ва корманд, ки мақсади он ташкил намудани зинабандии (иерархияи) идоракунӣ дар ташкилот мебошад;

      – Уҳдадорӣ аз рӯи вазифаҳо – тақсими баробари вазифаҳо ва уҳдадориҳо (аз ҷониби роҳбар) байни тамоми кормандон бо назардошти қобилияти амалии онҳо, то ин ки адолат ва сифати меҳнат таъмин карда шавад;

      – Таҳқиқи таркиб ва вақти корӣ – ҳар як амал дар алоҳидагӣ ва маҷмӯи амалҳо / корҳо аз рӯи таркиб, пайдарпайӣ ва вақти муайяншуда бо мақсади дастёбӣ ба муваффақиятҳои меҳнатӣ-истеҳсолӣ зимни таҳқиқ қарор дода мешаванд;

      – Мукофоти пулӣ – корманд бояд аз рӯи иҷрои нақшаи (вазифаи) муқарраршуда маош гирад: аммо корманде, ки маҳсулнокии меҳнатиаш зиёд аст ва нақшаи гузошташударо барзиёд иҷро мекунад, бояд ҳавасманд