Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ. Миралиён Қиёмиддин. Читать онлайн. Newlib. NEWLIB.NET

Автор: Миралиён Қиёмиддин
Издательство: Издательские решения
Серия:
Жанр произведения: Прочая образовательная литература
Год издания: 0
isbn: 9785449637376
Скачать книгу
иҷтимоии идоракунӣ афзалият дод. Ин вазифагузорӣ дар навбати худ, тақозо бар он дорад, ки асосҳои илмии ин самт, тарз ва маҷмӯи амалҳои идоракунии он омӯхта шуда, мавриди истифодаи васеъ қарор дода шаванд.

      Дар баробари ин, илми сотсиологияи идоракунӣ зарурати тағйироти куллиро дар идоракунии ҷараёнҳои сиёсӣ ва руҳию фарҳангӣ тақозо мекунад, зеро танҳо ҷомеаи бомаданият ва бомаърифат метавонад ҳамагуна бархурдҳоро истодагарӣ намояд.

      Дар ҳамбастагӣ ба ин метавон идоракунии иҷтимоиро дар се шаклҳо ва ё самтҳои зерин баррасӣ намуд:

      – Идоракунии ҷараёнҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ;

      – Идоракунии ҷараёнҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ;

      – Идоракунии ҷараёнҳои руҳӣ-фарҳангӣ.

      Дар идома ба таҳлили боло идоракунии ҷараёнҳои иҷтимоӣ-иқтисодиро барои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ ҳамчун узви собиқ ИҶШС метавон аз солҳои 1920-уми асри гузашта иқтибос овард. Яке аз самтҳои фаъоли ин шакли фаъолиятро вазифаҳои хоҷагидорию истеҳсолии давлат ташкил медод.

      Дар рӯзҳои аввали ташкилёбии ИҶШС Шӯрои олии хоҷагии халқ (1917) ташкил меёбад, мувофиқан намояндагиҳои он дар тамоми ҷумҳуриҳои аъзо ва минтақаҳо таъсис дода мешаванд. Мақсади асосии ин иқдом ба таври муттамарказ идора ва таъмин намудани самаранокии фаъолияти хоҷагидорӣ буд, ки ба корҳои илмию тадқиқотии Стумилин Г. ва Леонтев В. дар самти имкониятҳои идоракунии маҷмӯи хоҷагидории халқ асос меёбад. Дар ин солҳо аввалин ташкилотҳои банақшагирӣ пайдо шуда, зери роҳбарии ташкилоти махсусгардонидашуда бо номи «Нақшаи давлатӣ» (Госплан) фаъолият мекарданд. Ин низом дар навбати худ масъули идоракунӣ ва танзими ҷараёнҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ муқаррар гардида буд. Яъне, хоҷагиҳо барои ташкили фаъолияти хоҷагидорӣ, зимнан супоридани молу маҳсулот ва андоз нақша баста (уҳдадор) мешуданд.

      Дар ин ҷо, фарқият байни идоракунии хоҷагидории низоми демократӣ ва сотсиалистӣ дар он инъикос меёбад, ки дар яке (демократӣ) фаъолияти хоҷагидорӣ озод буда, хоҷагиҳо танҳо барои супоридани андози давлатӣ аз ҳаҷм, навъ ва шакли истеҳсолот масъул мебошанд; дар низоми сотсиалистӣ бошад, аз хоҷагидорон ҳам андоз ва ҳам молу маҳсулот ситонида мешавад, яъне фаъолияти хоҷагидорӣ озод набуда, тибқи фармоиши давлатӣ ба роҳ монда мешуд.

      Низоми нақшабандии хоҷагидорӣ байни солҳои 1930—1950 дар шакли идоракунии соҳавӣ ба роҳ монда шуда, охирҳои солҳои 50-ум кӯшишҳои ба идоракунии ҳудудӣ табдил додани хоҷагидорӣ амалӣ шуда буданд. Аммо солҳои 65-ум боз баргашт ба низоми қаблӣ – идоракунии соҳавии хоҷагидорӣ дар мисоли вазорату идораҳо роҳандозӣ мегардад.

      Зимнан пас аз солҳои 80-ум бо назардошти даврони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон вазифаҳои марбут ба идоракунии иқтисодӣ-хоҷагидорӣ ба самти нав равона гардида, бештар хусусияти иҷтимоӣ-гуманистӣ касб мекунад. Агар то ин давра дар назди низоми идоракунӣ дар мадди аввал манфиатнокии (даромаднокии) иқтисодӣ меистод, яъне шахс танҳо барои меҳнати истеҳсолӣ истифода мегардид, пас акнун муносибат