Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ. Миралиён Қиёмиддин. Читать онлайн. Newlib. NEWLIB.NET

Автор: Миралиён Қиёмиддин
Издательство: Издательские решения
Серия:
Жанр произведения: Прочая образовательная литература
Год издания: 0
isbn: 9785449637376
Скачать книгу
то соли 2015 қабул мегардад. Дар заминаи ин, барои расидан ба ҳадафҳои миллии стратегӣ якчанд барномаҳо ва нақшаҳои миллӣ таҳия ва табиқ мегарданд. Дар ин самт, аз ҷумла паст намудани сатҳи камбизоатӣ, ки масъалаи хеле муҳим барои Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба тасвиб мерасад ва дар натиҷаи амалисозии он сатҳи камбизоатӣ аз 81% (дар соли 1999) то ба 31% (дар соли 2015) коҳиш дода мешавад. Дар соли 2016 бошад, бо мақсади рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ ва бо назардошти уҳдадориҳои байналмилалӣ оид ба Рӯзномаи асри XXI ва Ҳадафҳои рушди устувор, ки дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи Генералии СММ (сентябри 2015) тасдиқ шудаанд, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба тасвиб мерасад. Дар ин ҳуҷҷати давлатӣ 4 ҳадафҳои стратегии рушд барои 15 соли ояндаи Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд: 1) таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ; 2) аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан; 3) таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат; 4) вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул.

      Дар баробари ин, барои рушди соҳаҳо ва минтақаҳо барномаҳои мақсадноки миёнамуҳлат ва дарзомуҳлат мунтазам қабул ва амалӣ гардонида мешаванд, ки дар маҷмуъ механизми идоракунии иҷтимоӣ-иқтисодии кишварро ташкил медиҳанд. Мисоли ин барномаҳо «Барномаи рушди маориф барои солҳои 2010—2015», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2016—2018», «Барномаи рушди нерӯи зеҳнии инсон то соли 2020», «Барномаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилояти Хатлон», ва ғайра шуда метавонанд.

      Яке аз нуктаҳои муҳими сиёсати барномасозии Тоҷикистон дар ҳамин давраи фаъолият ба он асос меёбад, ки Ҳукумат барои / дар ояндаи наздик ба таҳкими нерӯи институтсионалӣ бо назардошти ташаккул додани низоми самарабахши идоракунии давлатӣ ва рушди сармояи инсонӣ дар ҳама муносибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ афзалият додааст.

      Мутаносибан зарур мегардад, ки заминаҳои устувори илмию методологии ҷараёнҳои идоракунии иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар умум дар кишвар ва дар алоҳидагӣ нисбат ба ҳар як субъекти идоракунӣ бо назардошти талаботи иқтисоди бозоргонӣ ташаккул дода шуда, бо назардошти сиёсати давлатӣ дар ин самт механизмҳои мувофиқан нав ва муносиби идоракунии хоҷагидорӣ-истеҳсолӣ бо фароҳам овардани шароитҳои баробар, далелнок ва адолатхоҳ дар муносибатҳо амалӣ гардонида шаванд.

      4.2 Идоракунии равандҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ

      Рӯи масъалаҳои идоракунӣ марбут ба ҷанбаҳои сиёсии он – ҳокимияти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ олими Ғарб М. Вебер бештар кор кардааст.

      Бюрократизм новобаста аз хусусияти манфӣ доштанаш дар фаъолияти идораи давлатӣ бинобар муносиб будан барои назорат ва батанзимдарории муносибатҳо доимо истифода мегардад. Аз ин рӯ, М. Вебер бюрократияро мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, чанде назариёти худро атрофи истифодаи босамари он пешниҳод менамояд. Олим хусусиятҳои зарурии амалӣ ва самараноки бюрократияро