Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ. Миралиён Қиёмиддин. Читать онлайн. Newlib. NEWLIB.NET

Автор: Миралиён Қиёмиддин
Издательство: Издательские решения
Серия:
Жанр произведения: Прочая образовательная литература
Год издания: 0
isbn: 9785449637376
Скачать книгу
сотсиологияи идоракунӣ иборат аст: аз эзоҳ (шарҳ) додани зарурати дар низом ва сохтори фаъолияти идоракунӣ ба вуҷуд омадани ин ё он навовариҳо ва усулҳои муносиб ва нави амалии татбиқи онҳо (дар ҷараёнҳои идоракунӣ) бо назардошти шароити мувофиқ.

      Дар баробари ин, агар муайян кардани тамоюли рушди фаъолияти идоракунӣ, баҳогузории аҳамиятнокии он, зарурати назарияҳои нави идоракунӣ, асоснокӣ ва самаранокии онҳо, имкониятҳои татбиқи ин назарияҳо дар ояндаи начадон наздик ва ё дур имконпазир гардад, пас ин маънои онро дорад, ки сотсиологияи идоракунӣ метавонад боз як масъалаи дигарро (чаҳорум) -ро ҳал намояд.

      3.2 Вазифаҳои асосии сотсиологияи идоракунӣ

      Гуруҳбандӣ намудани масъалаҳои сотсиологияи идоракунӣ имконият медиҳад, ки вазифаҳои асосии он иборат аз 4 гуруҳҳои зерин муайян карда шаванд:

      – Маърифатӣ – таҳлилу омӯзиши хусусиятҳои асосии идоракунӣ ҳамчун соҳаи махсуси фаъолияти меҳнатӣ, муайян кардани нақш ва аҳамиятнокии идоракунӣ дар рушди ҷамъият ва зерсохторҳои он, ташкилотҳо, гуруҳҳо ва ғайра;

      – Баҳодиҳӣ – баҳогузории сатҳ ва ё андозаи мувофиқат кардани (ё ин ки баракс мувофиқат накардани) сохти ҷории низоми идоракунӣ ба тамоюлҳои ҷамъият, интизориҳои иҷтимоӣ, талабот ва манфиатҳои қисми зиёди аҳолӣ; дарёфти посух ба саволҳои хусусиятнок, ба монанди низоми идоракунӣ демократӣ аст ё авторитарӣ; ташаббусҳои шахсони алоҳида, гуруҳҳо ва ҷамъиятҳоро рушд медиҳад ё ин ки маҳдуд мекунад?. Ҳамчунин, ин вазифа имконият медиҳад, ки аз байни омилҳои бисёр ва гуногунҷанбаи идоракунӣ беҳтаринҳо ва муносибтарини онҳо ба шароити дахлдор ҷудо карда шаванд, зимнан равандҳои рушди ҷараёни идоракунӣ ва вобастагии онҳо ба тағйирёбии сохторҳои ҷамъият, гуруҳҳои алоҳида ва одамон муайян карда шаванд;

      – Пешгӯӣ ва пешбинӣ — барои муайян кардани муҳимтарин тағйиротҳои эҳтимолии наздик ва ё дур дар фаъолияти идоракунӣ равона шудааст. Ин вазифа яке аз василаҳое мебошад, ки дар ташкил ва таъмини самаранокии ҷараёнҳои идоракунӣ ба сифати сипари муҳофизатӣ ва кафолатнок истифода карда мешавад;

      – Таълимӣ (омӯзишӣ) – аз худ кардан ва такмили дониш, маҳорат ва малака оид ба тарзу усулҳои идоракунӣ. Ин вазифа асосан хусусияти мунтазамӣ дорад, аммо бо тақозои ҷомеаи муосир он ҳангоми зарурат бар асоси аҳамиятнокии консепсияҳо ва равандҳои муайяни идоракунӣ; ташаккул, таҳким ва пешбинии инкишофи онҳо дар оянда ба амал бароварда мешаванд.

      Дар баробари ин, сотсиологияи идоракунӣ метавонад боз як вазифаи муҳими дигареро иҷро намояд – (5) мусаллаҳ гардонидани кадрҳои идоракунӣ бо усулҳои нав, технологияҳои идоракунӣ ва бо ин васила дар ҷамъият ҳамчун воситаи амалии такмилдиҳандаи низоми идоракунӣ метавонад нақш гузорад.

      Ҳамин тариқ, вазифаҳои сотсиологияи идоракунӣ дар маҷмуъ механизм ва ё муҳаррикеро ташкил медиҳад, ки тақозои замони муосир буда, бар асоси принсипҳои демократии идоракунӣ – боло гузоштани қимат ва нуфузи инсон ташаккул ёфта, танҳо истифодаи бомароми