Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ. Миралиён Қиёмиддин. Читать онлайн. Newlib. NEWLIB.NET

Автор: Миралиён Қиёмиддин
Издательство: Издательские решения
Серия:
Жанр произведения: Прочая образовательная литература
Год издания: 0
isbn: 9785449637376
Скачать книгу
ва рушди низоми қоидаҳои бешахсиятӣ (таъсир надоштани шахсият) дар дохили ташкилот, ки ба идоракунии ҳокимият дар шакли иерархӣ (зинабандӣ) асос меёбад, тавсия гардидааст.

      Дар инҷо шахсият манфиатҳои инсонро, ки новобаста аз масъулияти мансабӣ ва ё хизматӣ (нисбат ба ҷомеа ва давлат) ба нафъи худ ва ё баҳри қонеъ гардонидани талаботи бевоситаи худ равона мегардад ифода мекунад.

      Бар ин мавзуъ назари муҳаққиқ бар он асос меёбад, ки аз як тараф хадамоти давлатии бюрократӣ тартиботи босамарро дар ҷомеа таъмин менамояд, аз тарафи дигар «ҳокимияти болоӣ» дар идоракунии ҷамъиятӣ шабеҳи «яккасардорӣ» мебошад. Ин усул хоси идоракунии сохти маъмурӣ мебошад, ки дар он мутахассисон ва ё хизматчиёни давлатӣ аз рӯи принсипи тақсимоти қатъӣ ва иерархияи вазифаҳо амал мекунанд. Мувофиқан хизматчиёни давлатӣ дар сохтори бюрократӣ манфиатҳои хоси худро иборат аз ду гуруҳ: умумӣ ва шахсӣ соҳиб мебошанд; манфиатҳои умумии онҳо манфиатҳои ҳокимият ташкил медиҳанд, аммо манфиатҳои шахсӣ фарогири нафъи худи онҳо (хусусӣ) мебошанд. Чуноне дар ҳаёти имрӯза низ мушоҳида мегардад дар бисёр ҳолатҳо, бахусус ҳангоми аз назорат (аз ҷониби мақомоти болоӣ) дур мондан манфиати шахсии инсон / маъмур аз манфиати умумӣ (ҳукумат, ҷомеа) пеш гузошта мешавад. Маҳз ҳамин заифии сохтори бюрократӣ (камназоратӣ) боиси пайдо шудани коррупсия ва норозигии ҷамъият нисбат ба ҳокимияти давлатӣ мегардад.

      Новобаста аз ин, тибқи назари Вебер маҳз намуди бюрократии ташкилоти маъмурӣ навъи идоракунии беҳтарин мебошад, зеро он – идоракунии маъмурӣ метавонад дақиқият, устуворӣ, тартибот ва боэътимодиро дар муносибатҳои идоракунӣ таъмин созад ва қобили бадастории сифати олӣ бошад. Аммо намуди дигари идоракунӣ – идоракунии оммавӣ / ҷамъиятӣ, ки танҳо ба ташкили ҷамъияти касбиён (коршиносон), ки дониши васеро дар соҳаи иҷтимоӣ-гуманитарӣ аз рӯи сохторҳо, ваколатҳо ва сатҳҳои гуногуни иҷро фаро мегирад, қобил мебошад. Ин шакли ҳамгироии маъмурие мебошад, ки ба худ ҳам «сиёсатмадорон» ва ҳам «маъмурон» -ро шомил мегардонад. Ба ин намуди ташкилот ва ё идоракунӣ дар Тоҷикистон фаъолияти Иттифоқи журналистон, Иттифоқи матлубот, Иттифоқи нависандагон, Иттиҳодияи корфармоён, Шӯрои миллии ҷамъиятӣ ва ғайра мисол шуда метавонад.

      Дар мавазуи идоракунии ҷомеа, бахусус принсипҳои либералӣ ва демократии идоракунӣ саҳми муҳаққиқон, аз қабили Руссо Ж., Локк Д. Ж., Спиноз Б. ва дигарон хеле зиёд аст.

      К. Маркс ва Ф. Энгелс низ дар ташаккули консепсияи идоракунии ҷамъият саҳми босазо гузоштаанд, чуноне дар яке рисолаҳои худ овардаанд: «Омилҳои бошууронаи идоракунӣ дар фаъолияти мақсадноки одамон, таъсиррасонии институтҳои ҷамъиятӣ, амали ташкилотҳои таъминкунандаи тартибот ва озодии нисбӣ аз ҳолатҳо, бедодӣ, фалокат ифода меёбад».

      Ҳар як ташкилот хоҳ хурд хоҳ бузург фаъолияти худро ба иҷрои якчанд вазифаҳои муайян равона месозад. Ба вуҷуд омадани хирқи (феномени) иҷтимоии махсус – идоракунӣ, ба пайдо шудани фардҳои алоҳида ва гуруҳҳои машғули фаъолияти идоракунӣ боис мегардад. Идоракунӣ намуди фаъолиятест, ки вазифаи он роҳбарии одамон