– Шабакавӣ – маҷмӯи воҳидҳои мустақили як ташкилот буда, дар асоси муносибатҳои фармоишӣ, зинабандӣ, шартномавӣ ва ҳамоҳангшудаи бозорӣ амал мекунад. Дар ин шакл усулҳои ҳукмфармоӣ пурра амал намекунад. Инчунин ин навъи ташкилот ба се намуд: шабакаи муътадил, шабакаи дохилӣ ва шабакаи динамикӣ ё афзоишёбанда ҷудо мешавад;
– Бисёрченакдор – намуди ташкилоте мебошад, ки аз рӯи се навъи гуногуни меҳнат / воҳид: функсионалӣ ва ё дохилиидоравӣ (хизмати онҳо барои истифода дар дохили идора ё корхона равона мегардад – бахши кадрҳо, муҳосибот, хоҷагӣ, таъминот ва ғ.), маҳсулнокӣ (хизмат ва ё маҳсули хизмати онҳо дар беруни идора ё корхона истифода мегардад – анбор, нуқтаи тақсимотӣ ва ғ.), бозорӣ (маҳсули хизмати онҳо аз рӯи таснифоти муштариён интиқол / таъмин мегардад – намояндагиҳо ва ё воҳидҳои махсус дар дигар минтақаҳо, ки ба таъминот машғул мебошанд) фаъолият мекунад;
– Даврӣ – навъи ташкилоте мебошад, ки идораи он дар асос ва ё бо назардошти иштироки зертобеон ва кормандон ва ё намояндагиҳо дар шакли шӯро, мушовара ва ғайра сурат мегирад;
– Виртуалӣ – ҷамъияти шарикон ё ҳамкороне мебошад, ки ба таҳия, истеҳсол ва амалисозии маҳсулот ва хизматрасонӣ тавассути технологияҳои иттилоотӣ машғул мегарданд;
– Соҳибкорӣ – ташкилоте, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, даромад ва фоидаи молиявӣ ба даст меорад;
– Омӯзишӣ – навъи ташкилотест, ки вобаста ба фармоиши ташкилотҳои дахлдор ба омӯзонидан ва омода сохтани кадрҳо машғул мебошад.
САВОЛҲО БАРОИ САНҶИШИ САТҲИ ДОНИШ
– Идоракунӣ чист?
– Шакли идоракунии давлати Ҳахоманишиён чӣ гуна буд?
– Сиёсати идоракунии демократӣ ва ё либералӣ, ки дар низоми идоракунӣ мустақилият ва озодиро пеш гузошта буд, хоси кадом давлати қадимаи тоҷикон буд?
– Асоси усулҳои идоракунии давлатиро тибқи рисолаи «Сиёсатнома» -и Низомулмулк кадом таълимот ташкил медиҳад?
– Саҳми кадом олимон дар рушди идоракунии иҷтимоӣ тибқи принсипҳои илмии идоракунии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва истеҳсолӣ назаррас мебошад?
– Назарияи «Тақсимоти баробари меҳнат ва таъмини самаранокии истифодаи қувваи корӣ» хоси кадом муҳаққиқ (он) мебошад?
– Назарияи «Маъмурияти фаъолият» хоси кадом муҳаққиқ (он) мебошад?
– Назарияи «Муносибатҳои инсонӣ» хоси кадом муҳаққиқ (он) мебошад?
– Назарияи «Низомҳои (системаҳои) иҷтимоӣ» хоси кадом муҳаққиқ (он) мебошад?
– Назарияи «Кибернетика (технологияи иттилоотӣ) дар идоракунӣ» хоси кадом муҳаққиқ (он) мебошад?
АДАБИЁТ ВА ДИГАР МАНБАҲОИ МАЪЛУМОТ
– Бюрократия. / Тарзи дастрасӣ: http://files.school-collection.edu.ru/dlrstore/ae0daf13-6994-8c34-4650-df58c4a0231e/1012512A.htm
– Гостенина В. И. Социология управления: Учебное пособие. Стандарт третьего поколения. – СПб.: Питер, 2013. – 368 с.
– Заходера Б. Н. Сиасет-наме. / Книга