Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ. Миралиён Қиёмиддин. Читать онлайн. Newlib. NEWLIB.NET

Автор: Миралиён Қиёмиддин
Издательство: Издательские решения
Серия:
Жанр произведения: Прочая образовательная литература
Год издания: 0
isbn: 9785449637376
Скачать книгу
метавонад ба сифати ҳакам / байнрав дар ҳаёти иҷтимоӣ ва ё ҳалқаҳои пайвасткунандаи амалҳои мутақобилаи иҷтимоӣ баромад намояд. Бо ин роҳ мубодилаи иҷтимоӣ бо усули «бавосита» имконпазир мегардад, ки он ҷараёнҳои ҳамгироии иҷтимоиро дар сохторҳои мураккаби иҷтимоӣ, инчунин рушди ташкилотҳои иҷтимоиро дар худ метавонад идора кунад.

      Дар ин ҷо, муҳаққиқ муносибатҳои мутақобиларо дар сохторҳои мураккаби иҷтимоӣ ба воситаи амалӣ сохтан, эҳтиром гузоштан, эътироф ва истифода намудани меъёрҳо ва арзишҳои инсонӣ ҳамчун механизми рушди ташкилот, нигоҳ доштан ва эътидолнокии гуруҳҳо баррасӣ менамояд.

      Назарияи М. Фуко оид ба ташкилот

      Мутобиқи назари муҳаққиқ интизом наметавонад ҳамаи ҷомеаро якранг фаро гирад, яъне узви ҷомеа гуногунмиҷоз мебошанд, мувофиқан ҷанбаҳои интизомиро гуногун қабул мекунанд. Интизом иҷборан дар ҷомеа ворид гардида, ба қисми муайяни ҷамъият таъсир мерасонад, аммо на ҳамаи он.

      Дар кори Фуко, инчунин масъалаҳои гуманизм (башардӯстӣ) ба назар мерасад. Таҳқиқотчӣ бар он назар аст, ки гузаштан аз низоми шиканҷа ва азобу уқубат ба низоми ҳабскунии одамон гувоҳи (шаҳодати) гузаштан аз муҷозоти бадан ба руҳ ва озодӣ мебошад. Ин навъи омӯзиш онро инъикос менамояд, ки одамон ҳамчун объекти таҳқиқу омӯзиш муайян карда шуданд, гарчанде то ин замон манфиат ва шаъну шарафи инсон дар ҷойи дувум пас аз дастгоҳи истеҳсолӣ-идоракунӣ меистод.

      Дигар қисмати омӯзиши Фуко дар самти интизом ва муҷозот ҳукмфармоиро бо усули паноптикум (дар ҳолати мазкур: назорати ҳамаи маҳбусон дар як вақт) фаро мегирад. Ин усул ва ё сохтор имкон медиҳад, ки хизматчиён тамоми ҷанбаҳои ҳаётии маҳбусонро мушоҳида намоянд. Дар асл иштироки доимии назоратчиён талаб карда намешавад, зеро сохтори мазкур худ ҳамаи маҳбусонро аз амалҳои номатлуб нигоҳ медорад. Паноктикум метавонад дар шакли дидбонгоҳ дар маркази маҳбасхона ташкил шуда бошад, ки аз як нуқта назоратчӣ метавонад тамоми ҳуҷраҳоро назорат кунад ва мувофиқан маҳбусон медонанд, ки таҳти назорати доимӣ қарор доранд, аз рафтору кирдори номатлуб худдорӣ менамоянд (расми 1). Ҳамзамон, ин усулро метавон дар замони муосир, ки технологияи иттилоотӣ ҳукмфармоӣ дорад, ба ҷорӣ кардани камераҳои мушоҳидавӣ рабт дод. Бо ин тартиб дар байни маҳбусон низоми худидоракунӣ ҷорӣ мегардад, то ин ки рафтору кирдори ношоями онҳо аз ҷониби назоратчӣ мушоҳида нагардад, мувофиқан танбеҳ нагиранд.

      Ҷадвали 1

      Назарияи М. Вебер оид ба бюрократия

      Бюрократия аз забони франсавӣ (bureau-дафтардорӣ) ва юнонӣ (кратос – ҳокимият) гирифта шуда, низоми идоракуниро бар асоси зинабандии амудӣ (иерархияи вертикалӣ) ва иҷрои босамари вазифаҳои гузошташуда ифода мекунад. Дар амал бюрократия, «низоми идоракунии аз ҳад зиёд расмикунонидашуда» дониста мешавад, ки албатта ин хусусияти манфӣ дорад.

      Вебер бошад, бюрократияро ҳам за назари манфӣ ва ҳам аз назари мусбӣ – ҳамчун механизми бомулоҳиза (такмилёфта) ва шакли босамари фаъолият баррасӣ