Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ. Миралиён Қиёмиддин. Читать онлайн. Newlib. NEWLIB.NET

Автор: Миралиён Қиёмиддин
Издательство: Издательские решения
Серия:
Жанр произведения: Прочая образовательная литература
Год издания: 0
isbn: 9785449637376
Скачать книгу
новобаста аз пешрафт ва дастовардҳои сиёсию ҳуқуқӣ назарияҳои илмию таҳқиқотӣ дар самти идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистон қариб ки ба назар намерасанд, ба ҷуз кори баъзе аз олимони тоҷик, ки онҳо низ ин самти илму фанро на дар алоҳидагӣ ё самтнок, балки дар ҳошия ва тақвияти дигар фанҳо ва равияҳои илмӣ омӯхтаанд (Раззоқов Б. Ҳ. Идораи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемаҳои ҳуқуқии назария ва амалия. 2007). Аз ҷумла:

      – Алиев З. М. Асосҳои конститутсионии ташкили ҳокимияти иҷроия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003);

      – Бобоев Қ. Назарияи сиёсии Низомулмулк (1999);

      – Ғаниев Т. Б. Менеҷмент (2004);

      – Достиев А. С. Конституция Республики Таджикистан 1994 г.: история разработки, принятия и основные положения (2001);

      – Зокиров Г. Истиқлолияти сиёсӣ (2001);

      – Маликова А. Х. Организационно-правовые аспекты функции государства по социальной защите престарелых ин инвалидов в Республике Таджикистан (2005);

      – Ойев Х. Ҳокимияти иҷроия: тамоили инкишоф ва вазифаҳо (2002);

      – Раззоқов Б. Ҳ. Масоили ҳуқуқии идораи минтақа (1997);

      – Раҳмонов Э. Тоҷикистон: даҳсолаи истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ (2001);

      – Расулов Қ. Саҳми давлати Сомониён дар пешрафти афкори сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангии Осиёи Марказӣ (1999);

      – Сафаров И. Д. Эволюция представлений о государстве (2005);

      – Ҳакимов А. Ташкили идораи иқтисоди миллӣ (2005).

      Боиси зикр аст, ки олимони тоҷик дар ташаккули илми идоракунӣ ва сотсиологияи идоракунӣ чанде кӯшишҳо ба харҷ додаанд.

      Яке аз олимон Раззоқов Б. Ҳ. ҷанбаҳои ҳуқуқии идоракуниро бисёр васеъ баррасӣ намуда, тавсияҳои зиёде баҳри рушди ин мавзуъ манзур гардонидааст. Тибқи назари ӯ дар фаъолияти меҳнатӣ на танҳо истеҳсолот, чӣ тавре дар сохти анъанавии идоракунӣ бартарӣ дода мешавад, балки хизматрасонӣ, истеъмолот ва гардиши мол, ҳуқуқ, ахлоқ, маданият ва ғайра таъсири баробар доранд ва ба ташаккулёбии шахси комил мусоидат менамоянд. Яке аз назариёти дигари олим дар он аст, ки саҳми технологияи иттилоотӣ дар идоракунии давлатӣ хеле ногузир мебошад, зеро истифодаи он шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатиро беҳтар намуда, ба баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо мусоидат карда, расмиёти маъмуриро соддаву дастрас мегардонад.

      Ба ин назар олими дигар Мавлоназаров С. С. низ моил аст, ӯ иброз медорад, ки давлати муосир низоми мураккаби ташкилиро соҳиб мебошад ва устувории он танҳо дар сурати ташкили низоми босифати идоракунӣ метавонад таъмин карда шавад. Дар ин росто консепсияи «ҳукумати электронӣ» метавонад ҳамчун василаи муҳим дар бунёди ҷомеаи иттилоотии шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд мусоидат намояд.

      Шосаидов С. Ҳ. нақши низоъро дар идоракунӣ мавриди омӯзиш қарор дода, бар он назар аст, ки он – низоъ дар як вақт метавонад функсионалӣ буда, барои иҷрои самараноки нақшаҳо ва стратегияҳои корхона мусоидат намояд ва дар дигар вақт дисфункционалӣ – ба паст гардидани қаноатмандии шахсӣ, коҳиш ёфтани ҳамкориҳо дар гуруҳ ва маҳсулнокии корхона оварда расонад.

      Масъалаҳои марбут ба дастгирии иҷтимоии кадрҳо дар идоракунии давлатӣ мавриди таҳқиқу