Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ. Миралиён Қиёмиддин. Читать онлайн. Newlib. NEWLIB.NET

Автор: Миралиён Қиёмиддин
Издательство: Издательские решения
Серия:
Жанр произведения: Прочая образовательная литература
Год издания: 0
isbn: 9785449637376
Скачать книгу
ишғол менамояд, ки маҳз ҳамин модел таваҷҷуҳи зиёди олимони рӯи оламро барои омӯзиш ва таҳқиқи масъалаҳои марбут ба идоракунӣ, аз ҷумла идоракунии ҷамъиятӣ ҷалб намуд.

      Дар самти идоракунии ҷамъиятӣ саҳми зиёди олимон Ҷ. Локк, Б. Спиноз, Ж. Руссо ва дигарон назаррас мебошад. Дар корҳои тадқиқотии онҳо назарияи давлати ҳуқуқбунёд ва принсипҳои либерализм ва демократизм, ки ба идоракунии низомҳои иҷтимоии мураккаб асос меёбанд, оварда шудаанд.

      Идоракунии иҷтимоиро ба принсипҳои илмии идоракунии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва истеҳсолии аз ҷониби Ф. Тейлор, А. Файол, М. Вебер, Э. Мэйо ва дигарон ташаккул ёфта асоснок кардан мумкин аст.

      1.2 Назарияҳои муосири сотсиологияи идоракунӣ

      Барои осон гардидани баррасиҳои оянда 10 назарияҳои нисбатан маъмули сотсиологияи идоракуниро, ки бештар таваҷҷуҳи олимон ва муҳаққиқону мутахассисонро ҷалб намудааст ва дар ҷараёни фаъолияти идоракунии ҷамъиятию давлатӣ истифода мегарданд, ҷудо менамоем:

      – Тақсимоти баробари меҳнат ва таъмини самаранокии истифодаи қувваи корӣ (Ф. Тейлор);

      – Маъмурияти фаъолият (А. Файол);

      – Муносибатҳои инсонӣ (Э. Мэйо);

      – Талаботи инсонӣ (А. Маслоу);

      – Ҳавасмандгардонӣ ва омилҳои шавқангез ва ё сабабнок (бедорсозии завқу рағбат) (Ф. Хертсберг);

      – Тарзу усулҳои роҳбарӣ (Д. Макгрегор);

      – Ҳамгироии фардӣ дар ҷараёни идоракунӣ (П. Блау, Р. Мертон, Т. Парсон);

      – Кибернетика (технологияи иттилоотӣ) дар идоракунӣ (Н. Винер, О. Эшбӣ);

      – Низомҳои (системаҳои) иҷтимоӣ (Ч. Барренд, Г. Саймон);

      – Ташкилот (П. Блау, М. Фуко ва М. Вебер).

      Тақсимоти баробари меҳнат ва таъмини самаранокии истифодаи қувваи корӣ (Ф. Тейлор)

      Консепсияи муҳандиси америкоӣ Ф. Тейлор (1856—1915), ки ба танзими рафторҳои меҳнатии кормандон дар самти истеҳсолот равона гардида буд, сабаби пайдо шудани мафҳуми «Менеҷменти илмӣ» гардид. Назарияи ӯ асосан тақсимоти баробари меҳнат ва истифодаи самараноки кормандро дар истеҳсолот фаро гирифтааст. Дар ин ҷо муайян гардидани зарурат оид ба мувофиқаи манфиатҳо байни шахсони кироя (кормандон) ва кордиҳанда мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Яъне, барои самаранокии фаъолият кордиҳандаро зарур аст, ки манфиатҳои корхонаро бо корманд, аз ҷумла шахсони барои кор кироя шуда мувофиқа намояд ва албатта мақсади ин консепсия ба баланд бардоштани шахсияти корманд асос меёбад. Аммо татбиқи самараноки вазифаҳо бештар хусусияти иқтисодӣ дошта, он ба меъёрҳое асос меёбад, ки камхарҷии корхонаро тариқи истифодаи босамари қувваи корӣ инъикос менамояд. Меъёрҳои баҳогузории самаранокӣ ва ё сифати меҳнат фаъолияти кормандро бо принсипи: ба қафомондаҳо ҷарима додан; пешравандагонро қадрдонӣ намудан; ва ба мобайнӣ (иҷрокунандагони нақша) таъмини маоши муқарраргардида – фаро мегирад.

      Ин усул гарчанде нисбат ба шахсият каме сахтӣ орад ҳам, вале дар фаъолият на танҳо нисбат ба кордиҳанда, балки нисбат ба ҳамкорон ва поддоши муайяншуда адолатро таъмин менамояд. Ин консепсия шахсро маҷбур месозад, ки аз рӯи худ кор кунад ва