Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ. Миралиён Қиёмиддин. Читать онлайн. Newlib. NEWLIB.NET

Автор: Миралиён Қиёмиддин
Издательство: Издательские решения
Серия:
Жанр произведения: Прочая образовательная литература
Год издания: 0
isbn: 9785449637376
Скачать книгу
ки принсипҳои идоракунӣ сарбаста (догма) набуда, дар шаклу намудҳои дастрас ва мувофиқ барои одамон пешниҳод карда мешавад.

      Шакли идории давлат президентӣ мебошад. Боиси зикр аст, ки дар ҷаҳон мамлакатҳо зимни идоракунии тарзи демократӣ ба се намуди сохти идорӣ: президентӣ, парламентӣ ва омехта ҷудо мешаванд. Президентӣ интихоб шудани шакли идории давлат танҳои хусусияти ташкилӣ надошта, он ҳамчун институти муносиб ба имконот ва талаботи ҷомеа, мувофиқ ба урфу одат ва фарҳанги идории миллӣ, имтиҳоншуда, пурмаҳсул, устувор ва муваффақ дар шароити Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин нишондиҳандаҳо ба халқи Тоҷикистон дар симои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр возеҳ аён гардид ва ба ин муносибат дар соли 2016 ва охири соли 2015 се ташаббуси наҷиби таърихӣ ҳамчун рамзи эҳтиром ба Сарвари кишвар, зимнан комёбии ин институти идорӣ пеш гирифта шуд: 1) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қабул гардид; 2) тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуданд; 3) ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид гардида, 16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

      Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ муқаррар карда шудааст, ки барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ин меъёр инъикосгари он аст, ки дар идоракунӣ принсипҳои иҷтимоӣ пеш гузошта мешаванд, бахусус эътироф кардани талабот ва имконоти инсон дар истеҳсолот, ки барои рушди рукнҳои гуманистии идоракунӣ ва ташаккули низоми муносиби иҷтимоӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

      Арзишҳои волои гуманистии давлати Тоҷикистон ба он асос меёбад, ки халқро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон намудааст. Яъне, ҳокимият ва ҳукмфармоӣ дар Тоҷикистон мутлақ набуда, он бо назардошти мавқеъ ва иштироки фаъоли одамон ба роҳ монда мешавад.

      Сиёсати хориҷӣ ва ё байналмилалии давлат ба принсипҳои дарҳои кушод, сулҳхоҳона, эътирофи меъёрҳои байналмилалӣ, эътибори манфиатҳои олии халқ ва ҳамкорӣ бо ҳамватанони берунмарзӣ асос меёбад, ки дар навбати худ, онҳо омилҳои воқеии иҷтимоии демократиро ташкил медиҳанд.

      Фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мамлакат озод аст, ҳамчунин ҳуқуқи ҳамаи шаклҳои моликият бо назардошти моликияти хусусӣ аз ҷониби давлат ҳифз карда мешавад. Бо ин метавон зикр намуд, ки ташаккули заминаҳои иқтисодӣ ва идоракунии он ба ҷомеа дар шакли озод ва бо ҳавасмандсозӣ ва ё сабабнокии фаъол вогузор гардидааст. Ҳар кас метавонад дар як вақт соҳибкор / кордиҳанда, коргар ва дар дигар вақт ба сифати шахси воқеӣ ба фаъолияти мустақили иқтисодӣ машғул гардад, зимнан идораи хусусии худро бо низоми хоси идоракунӣ дошта бошад.

      Иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлат тавассути аъзогӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва ё иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар асоси меъёрҳои демократӣ муайян карда шудааст. Яъне, шахс ҳамчун шаҳрванд имконият дорад, ки на танҳо ба сифати зертобеъ ва амалисозандаи масъулияти шаҳрвандӣ зиндагӣ дошта бошад, ҳамчунин метавонад