Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ. Миралиён Қиёмиддин. Читать онлайн. Newlib. NEWLIB.NET

Автор: Миралиён Қиёмиддин
Издательство: Издательские решения
Серия:
Жанр произведения: Прочая образовательная литература
Год издания: 0
isbn: 9785449637376
Скачать книгу
муътадили фаъолияти ҳаётӣ, муҳити муайяни доимӣ ва мунтазами одамон. Инчунин, дар соҳаи меҳнат – талабот ба шуғли кафолатнок, суғурта аз ҳолатҳои фавқуллода ва ғайра;

      – Талаботи иҷтимоӣ – робитаи иҷтимоӣ, муошират, монандии (баробарии) худ ба дигарон, иштирок дар фаъолияти якҷояи меҳнатӣ;

      – Талабот ба худшиносӣ – эҳтиром ва худқадрдонӣ, болоравии хизматӣ, мақом, эътибор, эътироф ва баҳогузории баланд;

      – Талаботи шахсият ва руҳӣ – худифодакунӣ ва худмуаррифӣ тавассути эҷодиёт.

      Зинабандии талабот ҳамбастагии рафторҳоро ба якдигар ифода мекунад, яъне барои қонеъ гардонидани талаботи оянда, бояд ки талаботи аввалӣ (дараввалистода) қонеъ гардонида шавад, инро (зинабандиро) принсипи ҳукмфармоӣ низ мегӯянд.

      Ду талаботи аввалро муҳаққиқ аввалиндараҷа (фитрӣ / модарзодӣ), сетои баъдиро дуюмдараҷа (ҳосилшуда / бадастоварда) меномад. Ҳамаи талабот даврӣ ва ё такрошаванда мебошанд. Мисол, шахс дар рӯзҳои аввали фаъолияти меҳнатӣ ба маоши кам ва мақоми баробар ба аксарият қонеъ мебошад, вале бо мурури вақт ва зиёд гардидани таҷриба / собиқа талаботи ӯ ба маоши хуб, мақоми баланд, шароити хуби зиндагӣ ва ғайра меафзояд.

      Омилҳои сабабнок (шавқангезанда / ҳавасмандгардонанда) (Ф. Хертсберг)

      Назарияи Ф. Хертсберг идомаи ғояҳои А. Маслоу буда, ба ду омилҳои мустақили сабабнокии (ҳавасмандии) меҳнат асос меёбад. Омили якум, – шароити меҳнат ва муҳити иҷтимоиро дар гуруҳ (коллектив) фаро гирифта, омили дуюм, – ба доираи гигиенӣ асоснок гардидааст.

      Назарияи мазкур дар натиҷаи пурсиши гуруҳи муҳандисон ва муҳосибон ба вуҷуд омада, омилҳои ҳаммонанди таъсиррасонро ба рафтори одамон ошкор кардааст.

      Консепсияи мазкурро ҳамчунин ба омилҳои дарунӣ ва беруна тавзеҳ додан мумкин аст.

      Омилҳои «сабабнок / шавқангезанда» ва ё дарунӣ мундариҷа ва муҳтавои фаъолияти меҳнатии шахсро вобаста ба таъсирҳои бевоситаи шахсӣ ва дохилигурӯҳӣ фаро мегиранд. Омилҳои мазкур ифодагари он мебошанд, ки маҳз одам муваффақиятро ба даст меорад, хизматҳоро қадрдонӣ мекунад, дар вазифа пеш (боло) меравад, барои шуғл манфиатдор аст, барои пешравии касбӣ имкониятҳо фароҳам меорад ва дар фаъолият масъулият дорад. Таъсиррасонии мусбии ин омилҳо қаноатмандии шахсро ба кор / шуғлнокӣ афзун мегардонад ва шавқи ӯро барои боз ҳам фаъолияти хуб доштан зиёд мекунад. Аммо набудани ин омилҳо ба номуваффақӣ дар фаъолияти меҳнатӣ боис мегардад. Ҳамзамон, ин гуруҳ шавқмандӣ ва ё сабабнокии дохилӣ номида мешавад, ки ҳолати қаноатмандии шахсро дар робита ба эҳсоси иҷрои хуби кор ифода мекунад – ин худҳавасмандсозӣ аст. Барои корманд чӣ қадрдонӣ аз натиҷаи кор ва чӣ аз худи ҷараёни кор, ҳарду муҳим мебошад.

      Дар ин ҷо Хертсберг фарқияти байни қаноатмандӣ ва қонеъ набудани шахсро аз ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ ошкор месозад.

      Омилҳои «гигиенӣ» ва ё берунӣ ин шароитҳои меҳнатие мебошад, ки шавқмандӣ ва ё сабабнокии беруниро ташкил медиҳанд ва онҳо аз сиёсати корхона / ташкилот, назорати техникӣ, муносибат бо роҳбар, муносибатҳои мутақобила