Дар муқоиса бо давраҳои шӯравӣ (30 сол пеш) вақте, ки ҳаҷми партоиши обрезҳо зиёда аз 100 миллион метри мукааб дар як сол ташкил медод, партоиши обҳои ифлосшуда кам гаштааст, вале ҳисоби он гузаронида намешавад ва арзёбии ҳаҷми обрезҳо айни ҳол душвор аст. Дар гузашта истифодаи босуръати моддаҳои кимиёвӣ дар хоҷагии қишлоқ ба зиёдшавии миқдори заҳрхимикатҳо дар об ва замин оварда расонид.Дар замони ҳозира сатҳи пасти истифодабарии заҳрхимикатҳо ва нӯриҳо ба сифати об таъсири мусбӣ мерасонанд.
Арзёбии сифати оби дарёҳо ва кулҳо бо роҳи гирифтан ва ташхиси намунаҳо, мониторин-ги обҳои рӯизаминӣ аз ҷониби хадамоти гидрометеорологӣ амалӣ мегардад. Сифати об дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ хуб аст, махсусан дар минтақаҳои куҳии ташаккулёбии дарёҳо.
Дарёҳои Панҷ, Кофарниҳон, Вахш ва Зарафшон бо сифати хуби об фарқ мешаванд, вале ифлосшавии на он қадар зиёдро партови обрезҳо аз нуқтаҳои аҳолинишин , объектҳои хоҷагидорӣ ва обҳои дренажӣ аз майдонҳои кишт ба вуҷуд меорад. Сифати об дар Сирдарё, ки ба он аз болооб (дар водии Фарғона) обҳои дренажӣ ва обрезҳо аз мамлакатҳои дигар ворид мешаванд, з хуб то миёна вобаста ба давра тағйир меёбад. Дар гузашта паст гаштани сифати об дар Сирдарё, сохтмони дарғотҳо, каналҳо, насосҳои обкаш ва шикори бетанзими моҳӣ ба нестшавии намуди нодири ҷойдории моҳӣ – белбинии сирдарёӣ оварда расонд.
Чораҳои андешидашаванда Барои танзими истифодабарии захираҳои обӣ дар Тоҷикистон қонунҳо қабул шудаанд, гузариш ба тарзи ҳавзавии идораи захираҳои обӣ амалӣ шуда истодааст. Масъалаҳои хоҷагии об (ҳам миқдор ва ҳам сифат) ба идоракунии мақомоти Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Вазорати тандурустӣ до- хил мешаванд. Барои кам кардани ифлоскунии об системаи иҷозатдиҳии истифодабарии об ва партови обҳои истифодашуда ба ҳавзҳо амал мекунад. Чи аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва чи бо кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ иншоотҳои обтозакунӣ барқарор мегарданд, хати водопровод дар шаҳрҳо ва деҳот гузаронида мешавад.Кодекси азнавтаҳиягаштаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи ислоҳоти сектори об барои давраи то соли 2015 гузариш ба идоракунии захираҳои обӣ дар миқёси воҳиди гидрографӣ (ҳавзавӣ ва субҳавзавии дарёҳо) бо назардошти рушди иқтисодӣ ва имкониятҳои маҳаллӣ ба назар гирифтаанд. Дар ҳавзаи Сирдарё, аз ҷумла ҳавзаи дарёи Зарафшон, дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон – ҳавзаи дарёи Қаратоғ (Сурхандарё), дар ҳавзаи дарёи Панҷ – ҳавзаи дарёи Қизилсу, ҳавзаи дарёи Вахш бошад ҳамаи шохобҳои он чунин тарзи идоракунӣ бояд ҷорӣ шавад.
Расми 3.4. Харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Сохти идоракунии ҳавзавии дарёҳо
Ташкил шудани ташкилотҳои ҳавзавӣ, шӯрои миллии об ва шӯроҳои ҳазавии дарёҳо барои ба ҳисоб гирифтани манфиатҳои ҳамаи тарафҳо ба назар гирифта шудааст. Яке аз аввалинҳо дар Тоҷикистон соли 2014 бо маблағгузории ҳориҷӣ нақшаи идоракунии ҳавзаи қисми Тоҷикистонии дарёи Исфара (дар қатори нақшаи якхела барои қисми қирғизии