Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ. Далержон Дадоевич Ходжибаев. Читать онлайн. Newlib. NEWLIB.NET

Автор: Далержон Дадоевич Ходжибаев
Издательство: Автор
Серия:
Жанр произведения: Биология
Год издания: 2022
isbn:
Скачать книгу
он оид ба масъалаҳои хоҷагии об ва рушди устувор фаъолона иштирок мекунад.

      Намуди асосии обистифодабарӣ дар Тоҷикистон обёрии замин ба ҳисоб меравад, ки ҳаҷми истифодаи об дар он 75-85%-ро ташкил медиҳад. Барои муқоиса, истифодабарии об аз ҷониби хоҷагиҳои оилавӣ 4-5%, сано- ат-2-3%-ро ташкил медиҳад. Талафи об дар соҳаи обёрӣ ва шабакаҳои обрасонӣ ба 20-40% мерасад, шабакаҳои канализатсионӣ ва обпартовтозакунӣ таъмиру васеъкуниро талаб мекунанд.

      Обҳое, ки баъд аз обёрӣ бароварда мешаванд, минерализатсияи баланд доранд ва ба сифати обҳои табиӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Ба захираҳои об инчунин тағйирёбии иқлим таъсир мерасонад. Дар куҳҳо пиряхҳо об мешаванд, ки он ба зиёд шудани ҳаҷми оби дарёҳо, фаромадани селҳо ва обхезӣ оварда мерасонад, дар ояндаи дарозмуҳлат бошад, дар натиҷаи кам гаштани майдони пиряхҳо ҳаҷми захираҳои об кам гашта, таҳдиди хушксолӣ меафзояд. Вазъи истифодабарии захираҳои об ва захираҳои замин бо ҳамдигар зич алоқаманданд. Барномаи такмили хоҷагии об барои солҳои 2016-2025 ба он равона шудааст, ки гузариши тарзи таърихан ташаккулёфтаи маъмурӣ – ҳудудии захираҳои об ба идоракунии ҳавзавии дарёҳо дар Тоҷикистон таъмин гардад.

      Дар шароити иқлими хушку гарм об воситаи асосии зиндагӣ ба ҳисоб рафта, дар қатори замин аз ҳама захираи муҳими табиӣ барои иқтисодиёт ва аҳолии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои обу замин сабаби буҳрони экологии баҳри Арал гаштааст. Проблемаи асосии обии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла Тоҷикистон, фақат норасогии об нест, инчунин ба талаботи замонавӣ ҷавобгӯй набудани самаранокии обрасонӣ ва истифодабарӣ мебошад.

      Резиши умумии солонаи дарёҳои дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккулёфта 64 километри мукаабро ташкил медиҳад, резиши солонаи ҳамаи дарёҳое, ки аз қаламрави Тоҷикистон мегузаранд, ба 80 километри мукааб мерасад. Дар ҳудуди Тоҷикистон нисфи ҳаҷми дарёҳои ҳавзаи Баҳри Арал ташаккул меёбад. Дарёҳои асосӣ Панҷ, Вахш, Кофарниҳон, Зарафшон ва Сирдарё ба ҳисоб меравад. Захираҳои обии дарёҳо аз ҳисоби обшавии барф ва пиряхҳо ва боришот ташаккул меёбанд. Дар Тоҷикистон шабакаи зичи дарёҳо вуҷуд дорад, ки он иборат аз 947 дарёҳо бо дарозии зиёда аз аз 10 километр ва дарозии умумии ин дарёҳо зиёда аз 28 ҳазор километрро ташкил медиҳад. Гузариши аз ҳама зиёди оби дарёҳо дар давраи максималии обшавии барф ва пиряхҳо дар моҳҳои июн-август мушоҳида мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои камбориши ҷануб об намерасад.

      Майдони пиряхҳо 8 ҳазор километри мурабаъ (6% ҳудуди мамлакат)-ро ташкил медиҳад, захираи об дар пиряхҳо 550 километри мукааб арзёбӣ мешавад, ҳаҷми пиряхи калонтарини мамлакат – Федченко ба 93 километри мукааб баробар аст, ки он аз ҳаҷми умумии дарёҳои Тоҷикистон зиёд аст. Вале пиряхҳо абадӣ нестанд ва обшавии онҳо зери таъсири гармша-вии иқлим идома меёбад. Масоҳати бо пиряхҳо пӯшидашуда аз аввал ва миёнаи асри гузашта алакай тақрибан 25-30% коҳиш ёфтааст (тибқи арзёбии ҳаҷми пиряхҳои миёна ва хурд). Дар назар аст, ки то соли 2050 ин масоҳат боз 25-30% коҳиш меёбад, ҳаҷми дарёҳои асосӣ бо- шад, дар натиҷаи босуръат зиёд шудани миқдори об аз ҳисоби пиряхҳо дар аввал