Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ. Далержон Дадоевич Ходжибаев. Читать онлайн. Newlib. NEWLIB.NET

Автор: Далержон Дадоевич Ходжибаев
Издательство: Автор
Серия:
Жанр произведения: Биология
Год издания: 2022
isbn:
Скачать книгу
ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

      Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон об моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи самаранок ва ҳифзи онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

      Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

      Дар Кодекси мазкур мафхумхои асосии зерин истифода карда мешаванд;

      –об- ҳамаи обҳои дар объектҳои обӣ мавҷуда;

      –обҳои рӯизаминӣ- обҳои доим ё муваққатан дар объектҳои обии рӯизаминӣ қарордошта;

      –обҳои зеризаминӣ- обҳои аз ҷумла маъданӣ, дар объектҳои обии зеризаминӣ қарордошта;

      –захираҳои об- захираҳои оби рӯизаминӣ ва зеризаминие, ки дар объектҳои об қарор доранд ва истифода мешаванд ё истифода хоҳанд шуд;

      –объектҳои об- ҷамъшавии об дар рӯи замин, қаъри замин дар як ҳудуду ҳаҷм бо доштани низоми обӣ;

      –низоми об – тағйир ёфтани сатҳ, хароҷот ва ҳаҷми об дар объектҳои об;

      –манбаи обҳои рўизаминӣ- объекти оби рӯизаминӣ дар маҷмӯъ, ҳамчунин бо мубодилаи сусти об дар пастиҳои табиӣ ё сунъӣ;

      –объекти оби ҷудогона (манбаи оби сарбаста) – манбаи оби масоҳати хурд ва ҷоринашавандаи сунъӣ, ки бо дигар объектҳои оби рӯизаминӣ аз ҷиҳати гидравликӣ вобаста нест;

      –Ҳавзаҳои обҷамъшаванда – ҳудуде, ки дар он об ҷорӣ шуда объекти обро ба вуҷуд меорад;

      –обҳои дренажӣ – обҳое, ки ба воситаи шабакаҳои заҳкашӣ сарҷамъ гардида, ба объектҳои об партофта мешаванд;

      –обҳои партов – обҳое, ки баъди истифодаи он аз минтақаи ифлосшуда бо тартиби муқарраршуда ба объектҳои об партофта мешаванд;

      –истифодаи объектҳои об- бо тарзи гуногун гирифтани манфиат аз объектҳои об барои қонеъ гардонидани талаботи моддӣ ва дигар эҳтиёҷоти шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ;

      –Ҳифзи объектҳои об – фаъолият оиди ҳифз ва барқарорсозии объектҳои об нигаронидашуда;

      –ифлосшавии объектҳои об – партов ё ба таври дигар дохил шудан, инчунин пайдо шудани моддаҳои зарароваре, ки сифати обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминиро бад мегардонанд, истифодаи қаър ва соҳилҳои объектҳои обро маҳдуд месозанд, ё ба онҳо таъсири манфӣ мерасонанд;

      –олудашавии объектҳои об – партов ё ба таври дигар дохил шудани моддаҳо ё зарраҳои муаллақ ба объектҳои об, ки ҳолат ва истифодаи объектҳои обро душвор месозанд;

      –камшавии об – мунтазам камшавии захира ва бадшавии сифати обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ;

      –таъсири зараровари об – зери об, қисман зери об мондан ва дигар таъсири зараровари обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ ба минтақа ва объектҳои муайян;

      –истифодабарандаи об- шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки обро ба тартиби муқарраргардида барои эҳтиёҷоти худ истифода мебаранд;

      –фаъолияти хоҷагии об- фаъолияти шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ оиди истифода, барқарорсозӣ ва ҳифзи объектҳои об;

      –иҷозат барои истифодаи махсуси об – иҷозате, ки барои истифодабарии объекти об аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои